Боздошти як шаҳрванди Бритониё дар Қирғизистон

Чучуқ

Додситонии шаҳри Қаракӯли Қирғизистон парвандаи корманди кони тилои “Қумтор” Майкл МакФитро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супурдааст. Дар ин бора Эмил Солиев, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Иссиқкӯл хабар дод. Майкл МакФит шаби 3 январ дар фурудгоҳи “Манас” боздошт ва ба Қаракӯл оварда шуд.

Ин шаҳрванди Бритониё, ки дар кони тилои “Қумтор” кор мекард, рӯзи 31 декабр дар саҳифааш дар Фейсбук чучуқ– як навъ ҳасиби монанд ба қазиро, ки мардуми қирғиз аз гӯшти асп таҳия мекунад, бо олати асб монанд кард. Ин матлаби ӯ мавҷи норозигии коргарони кони “Қумтор”-ро ба бор овард. Онҳо бо талаби эҳтиром ба анъанаҳои мардуми қирғиз талаб карданд, ки раҳбарони корхона барои ин корманди худ узр бихоҳанд. МакФит аз тариқи Фейсбук барои навиштаҳояш узр пурсид, вале ӯро баъди ин ҳодиса аз кор ҷавоб доданд.