Додгоҳи ҷиноёти вазнини шаҳри Боку рӯзи 28 декабр хабарнигори озарӣ Рауф Мирқодировро аз рӯи парвандаи хиёнат ба давлат ва шаш соли маҳбаси низомаш шадид маҳкум кард.
Ба иттилои бахши озарии Радиои Озодӣ, хабарнигор дар ҷосусӣ ба нафъи Арманистон айбдор шудааст.
Қаблан додситон хостори ба ҳафт соли маҳбас маҳкум кардани Рауф Мирқодиров шуда буд.
Рауф Мирқодиров рӯзи 19 апрели соли равон дар Туркия боздошт ва ба Озарбойҷон истирдод шуда буд. Хабарнигор иттиҳомро рад мекунад ва онро дорои ангезаи сиёсӣ мехонад.
Amnesty International ва дигар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари маҳалливу байнулмилалӣ Рауф Мирқодировро "маҳбуси сиёсӣ" эълон кардаанд.