500 ҳазор $-и Боку ба осебдидагони Тоҷикистон

Озарбойҷон ба сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки бар асари заминларзаи 7 декабри соли ҷорӣ зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристодааст. Ҳазинаи умумии ин кумакҳо 800 ҳазор манат ё 500 ҳазор доллар арзёбӣ мешавад.

11 мошини боркаш аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон 9,5 тонна қанд, 9,5 тонна шакар, 15 тонна биринҷ, 3 тонна чой, 16 тонна равғани растанӣ, 19 тонна орд, 18 тонна макарон, 2000 бастаи рахти хоб, 50 генератор ва ғайраро ворид хоҳад кард.

Рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон заминларзаи шадид рух дода ва аз ин офати табиӣ бештар ноҳияи Рӯшони ин вилоят осеб дид. Ҳукумати Тоҷикистон мизони хисороти иқтисодӣ аз заминларзаро 3,5 миллион доллар баровард кардааст. Қаблан, Амрико ва Олмон ба осебдидагони заминларза дар вилояти Бадахшон кумаки башардӯстона ирсол карда буданд.