Роҳил Шариф бо Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ мулоқот кард

Раёсати иҷроияи ҳукумати Афғонистон мегӯяд, Роҳил Шариф-раиси ситоди артиши Покистон дар ҷараёни боздиди худ аз Кобул бо Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси иҷроияи Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Ҷовид Файсал-муовини сухангӯи раёсати иҷроияи ҳукумат дар сӯҳбат бо бахши Афғонистони Озоди Радиои Озодӣ гуфт, ду ҷониб роҷеъ ба масъалаҳои мавриди алоқаи ҳар ду кишвар ва масъалаҳое, ки барои ҳар ду кишвар арзиш дорад, аз ҷумла дар бораи раванди сулҳ гуфтугӯ кардаанд.

Вай гуфт, “табъан масъалаҳое, ки барои Афғонистон аҳамият дорад, гуфтугуҳои сулҳ ва қатъ шудани ҳимоят аз мухолифони мусаллаҳи Афғонистон аст, ки то ҷое баҳсҳо мусбат будааст”.

Пештар аз ин Сартоҷ Азиз-мушовири равобити хориҷии нахуствазири Покистон сафари Роҳил Шарифро муҳим хонда ва гуфта буд, ки дар ҷараёни ин сафар бар иловаи масъалаҳои амниятии миёни ду кишвар дар бораи раванди сулҳ низ гуфтугӯҳо сурат мегирад.