900 парванда алайҳи аъзои ДИИШ дар Русия

Александр Бортников

Дар Русия алайҳи шаҳрвандони кишвар, ки дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз тарафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" (ДИИШ) ширкат кардаанд, қариб 900 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора вазорати умури дохилии Русия дар посух ба дархости вакили Думаи давлатӣ Валерий Рашкин хабар додааст.

Ба ғайр аз ин, вазорат якҷо бо Хадамоти Федералии амният ё ФСБ фаъолияти қариб се ҳазор шаҳрвандони ин кишвар, ки озими ҷангҳо дар қаламрави Сурия ва Ироқ шудаанд, таҳти назорат гирифтааст. Дар посухи ВУД ҳамчунин гуфта шудааст, ки ниҳодҳои махсуси Русия 92 таблиғгари "ҷиҳод"-ро ошкор кардаанд.

15 декабр раиси ФСБ Александр Бортников гуфта буд, ки қариб се ҳазор шаҳрванди Русия ба гурӯҳҳои террористии дар Русия манъшудаи Сурия ва Ироқ пайвастаанд. Ҳамчунин, ба иттилои Бортников, 214 нафар ба Русия баргашта, 80 нафари онҳо маҳкум ба зиндон шудаанд.

Раиси Хадаомти федролии амният ҳамчунин хабар дод, ки беш аз 1600 шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба гумони расонидани кӯмаки молӣ ба гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" мавриди тафтиш қарор доранд.