Муфаттишони рус мегӯянд, онҳо навъи маводи таркандаеро ошкор карданд, ки дар бомби дар ҳавопаймои Airbus A-321 мунфаҷиршуда истифода шудааст. Нашрияи “Коммерсантъ», чопи Маскав, рӯзи 25 декабр бо такя ба манбаъҳои наздик ба тафтишот навишт, ки бомбро дар асоси маводи таркандаи пластикии Си-4 сохтаанд. Ин маводи тарканда, ки солҳои 60-ум дар ИМА тавлид шуда буд, айни ҳол дар кишварҳои зиёд истеҳсол мешавад ва ин ҷустуҷӯи созмондиҳандагони ҳамлаи террористиро душвор мекунад.
Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 224 мусофиру сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз чанд дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд.
Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников бар пояи тафтиши пешакии ҳодиса ба раисиҷумҳур Владимир Путин гуфт, ки дар Airbus маводи таркандаи баробар ба як кило тротил мунфаҷир шудааст. Дар пораҳои ҳавопаймо нишонаҳое аз маводи таркандаи хориҷӣ ошкор гардид, изҳор намуд ӯ.
Аммо вазорати аваиатсияи граждании Миср рӯзи 14 декабр изҳор намуд, ки кумитаи тафтишот то ҳол нишонае аз дахолати беруна ва таркиши бомб дар ин ҳавопайморо ошкор накардааст.
Масъулияти таркиши ҳавопайморо гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифт.