Ярч дар Чин 22 манзилро зери хок кард

Бар асари ярч дар шаҳри Шэнчжен, воқеъ дар ҷануби Чин, 22 бино зери хок монда ва беш аз 40 нафар беному нишон шудаанд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи якшнабе 20 декабр ба вуқӯъ пайваст, дасти кам 7 нафар аз сӯи наҷотбахшон аз зери хок берун карда шуданд.

Ба иттилои расмӣ, ба корҳои наҷотбахшӣ дар минтақаи ярч беш аз 1500 нафар ҷалб карда шудаанд. Қабл аз ҳодиса ҳукумати маҳаллӣ тақрибан 900 нафарро ба ҷойи амн интиқол дод.

Ярч ҳамчунин боиси таркиш дар як бунгоҳи фурӯши маводи сӯхт гардид.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯяд, ки ярч майдони 20 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст. Дар ҷойи ҳодиса ду сол боз корҳои сохтмонӣ идома доштанд.

Моҳи гузашта бар асари ярч дар вилояти Чжетсзяни Чин 38 нафар ба ҳалокат расида, 27 манзилу бино зери хоку санг монда буданд.