Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, музокироти сулҳ миёни низомиёни ҷонибдори ҳукумат ва шибҳанизомиёни шиамазҳаби ҳӯсӣ дар ҳоле анҷом ёфтанд, ки дар Яман миёни ду гурӯҳ даргириҳои шадид сурат гирифтанд.
Гуфтушуниди сулҳ дар рустои Маколини Швейсария рӯзи 15 декабр шурӯъ шуда буд.
Қарор аст, ки намояндаи вижаи СММ дар умури Яман Исмоил Оулд Шайх Аҳмад баъд аз зӯҳри 20 декабр дар робита ба натиҷаҳои музокирот нишасти хабарӣ баргузор кунад.
Манбаъҳои низомӣ мегӯянд, ки бар асари даргириии шадид миёни нерӯҳои собиқ ба раисиҷумҳур Абдрабу Мансур Ҳодӣ ва шибҳанизомиёни ҳӯсӣ дар шаҳри Ҳаҷҷаи воқеъ дар наздикиҳои марзи Арабистони Саъудӣ 28 афсару сарбози ҳукумат ба ҳалокат расиданд. Ошӯбгарони ҳӯсӣ мегӯянд, ки онҳо 40 низомии худро талаф додаанд.
Дар ин низоъ Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ аз раисиҷумҳури қонунии Яман Абдрабу Мансур Ҳодӣ пуштибонӣ мекунад.
Ба иттилои СММ, шурӯъ аз моҳи марти соли равон дар набардҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ошӯбгарони ҳӯсӣ дасти кам 5884 нафар кушта шуданд. Талафот миёни мардуми осоишта баъд аз он афзоиш ёфт, ки ҳавопаймоҳои Эътилоф ба зарбаҳо ба мавқеъҳои ҳӯсиҳо шурӯъ карданд.