Дар Ироқ озмуни Маликаи ҳусн баргузор шуд

Ғолиби нахустин дар беш аз чиҳил соли ахир озмуни Маликаи ҳусн дар Ироқ мегӯяд, ӯ мехоҳад собит кунад, ки Ироқ, бо вуҷуди терроризм ва хушунат, кишвари зебоӣ ва фарҳанги воло боқӣ мемонад.

Шаума Қосими 20 сола шоми 19 декабр дар маросиме, ки зери чораҳои шадиди амниятӣ дар як меҳмонсарои Бағдод баргузор гардид, пирӯзи озмун эълон шуд. Шаума, донишҷӯи риштаи иқтисодӣ аз шаҳри Киркук дар ин озмун, ки бидуни намоиши либосҳои ҳариру нимурён гузашт, яке аз нӯҳ довталаби ҷоизаи Маликаи ҳусни Ироқ буд. Ӯ гуфт, ки мехоҳад дар барномаҳои таҳсилотӣ, ба вижа, миёни афроди беҷошуда, саҳм бигирад.

Озмуни Маликаи ҳусни Ироқ бо ибтикори Бунёди Ал-Мада барои ВАО, фарҳанг ва иттилоъ доир шуд.

Ба иттилои шабакаи телевизионии Ал-Арабия, озмуни Маликаи ҳусни Ироқ бояд моҳи октябр баргузор мешуд ва аммо баъди маҳкум шуданаш аз тарафи бархе рӯҳониён ва раҳбарони қабилаҳо мавқуф гузошта шуд. Ду нафар аз довталабон баъд аз таҳдиди афроди ношинос аз идомаи сабқат худдорӣ карданд.

Бори ахир озмуни Маликаи ҳусн дар Ироқ соли 1972 баргузор шуда буд.