Дар амалиёти артиши Туркия дар ҷанубу шарқи кишвар ҳафтод мусаллаҳи гумонбари узвият дар Ҳизби коргарии Курдистон (ҲКК) ва ду сарбози ҳукуматӣ кушта шуданд. Дар ин бора мақомоти низомии Туркия рӯзи 19 декабр хабар доданд.
Амалиёт рӯзи 16 декабр дар шаҳрҳои Гизре ва Силопӣ, дар наздикиҳои минтақаи Диёрбоқир шурӯъ шуда буд.
Ба иттилои артиши Туркия, ҳавопаймоҳои ҷангии кишвар қароргоҳҳои ҲКК дар шимоли Ироқро ҳам бомборон карда, чанд анбори силоҳро нобуд сохтанд.
Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия гуфт, Анкара ба мусаллаҳони курд иҷоза намедиҳад, ки дар кишвар бенизомиҳоро роҳандозӣ кунанд. Агар онҳо қасди ҷудоӣ аз Туркияро доранд, мо барояшон ин иҷозаро намедиҳем, изҳор намуд ӯ.
Оташбаси дусола миёни Анкара ва ҲКК моҳи июли соли равон халалдор шуд ва даргириҳо дар манотиқи асосан курднишини ҷанубу шарқи Туркия, ки дар онҳо тайи тақрибан сӣ соли ахир беш аз 40 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, аз сар гирифта шуданд.