Ҳалокати 9 сарбози ироқӣ аз зарбаи иштибоҳӣ

Мақомоти Ироқ аз ҳалокати 9 сарбози кишвар бар асари зарбаи иштибоҳии ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳфти фармони ИМА ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар канори шаҳри Фаллуҷа хабар дод. Холид ал-Убайдӣ, вазири дифои Ироқ, рӯзи 19 декабр гуфт, ки ин ҳамла як рӯз пеш дар ҳоле рӯй дод, ки чархболҳои низомии Ироқ бар асари ҳавои номусоид натавонистанд нерӯҳои заминиро лар канори шаҳри Фалуҷа ҳамроҳӣ кунанд.

Мақомоти ИМА изҳор намуданд, ки ин ҳодисаро тафтиш хоҳанд кард. Ба гуфтаи Пентагон,ин нахустин зарбаи иштибоҳӣ ба нерӯҳои ироқӣ дар ҷараёни амалиёт алайҳи гурӯҳи “Давлдати исломӣ” аст. Низомиёни воломақоми амркиоӣ гуфтанд, ки зарбаои ҳавоӣ бо талаби нерӯҳои амниятии Ироқ ва бар пояи иттилои ироакардаи онҳо зада шудааст.

Аз ин пеш мақомоти низомии ИМА гуфтанд, бар асари зарбаҳои Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони ИМА ҳангоми як задухӯрди шадид дар шимоли Ироқ тақрибан 200 тан аз ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” кушта шуданд.

Полковник Стиф Уоррен, сухангӯи Эътилоф, рӯзи 18 ноябр дар Бағдод ба хабарнигорон гуфт, ки тақрибан 500 ситезаҷӯ дар вилояти Найнаво ба нерӯҳои пешмаргаи курдҳо ҳамла карданд. Ҳавопаймоҳои Эътилоф ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” тақрибан 100 бомб андохтанд гуфт ӯ.

Дар конфаронси видеоӣ барои хабарнигорон, ки дар Пентагон ҷамъ омада буданд, Уоррен афзуд, фақат нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ тақрибан 200 нафар, ба иттилои ахир, 187 нафар аз ситезаҷӯёнро маҳв карданд. Ба гуфтаи сухангӯи Эътилоф, алҳол дар бораи он ки нерӯҳои пешмарга чӣ теъдод аз аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро нобуд кардаанд, иттилои дақиқ нест, аммо мусаллам аст, ки ситезаҷӯён дар ин ҷангҳо талафоти азим додаанд.