Иродаи Аюб барои дубора роҳ рафтан

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Якуним соли пеш Аюб Одинаев дар яке аз ширкатҳои сохтмонии шаҳри Челябински Русия ба сифати кафшергари дараҷаи олӣ кор мекард. Рӯзе оҳане ба болояш афтод ва ба ҳароммағзи ӯ осеби ҷиддӣ расид. Пизишкон ӯро аз марг раҳо намуданд, вале гуфтаанд, ки дигар роҳ гашта наметавонад. Аммо ӯ ба ин ҳукми пизишкон тан надод.