Президенти Русия Владимир Путин дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Москва ба ин савол, ки оё Екатерина Тихонова, раҳбари тарҳи «Инопрактика» дар назди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов духтараш аст ё не, посух надод.
Аммо ҳамзамон Путин зикр кард, ки тарҳи «Инопрактика» иқдоми хуби раиси донишгоҳ мебошад. «Ман намехоҳам дар бораи маҳалли ҷойи кори духтарҳоям дақиқ сӯҳбат кунам, ин корро пештар ҳам накарда будам ва ҳоло ҳам намекунам. Сабабҳои чунин тасмим зиёданд, ки масъалаи амниятиро низ дар бар мегирад», - гуфт раҳбари кишвар. Вай афзуд, духтаронаш дар Русия зиндагӣ мекунанд “ва барои иқомати доимӣ дар кишварҳои хориҷӣ сафар накардаанд. Онҳо ба ҷуз аз Русия дар ҳеҷ кишваре кор накардаанд, таҳсил ҳам накарда, танҳо дар донишгоҳҳои Русия омӯзиш дидаанд”.
Президенти Русия ҳамчунин гуфт, ки фарзандонаш ба се забони хориҷӣ сӯҳбат мекунанд. «Онҳо бо тиҷорат ва сиёсат машғул нестанд, онҳо барои ин талоше ҳам намекунанд. Духтаронам дар пешрафти кори худ қадамҳои нахустине мегузоранд, аммо аллакай дастовардҳои хуберо ноил шудаанд», - гуфт Путин ва таъкид кард, бо духтаронаш фахр мекунад.
Бештаре аз шореҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ посухи Путинро тасдиқи он донистанд, ки Тихонова духтари ӯст.
Пештар дар расонаҳо хабарҳое чоп шуда буд, ки духтари хурдии Путин баъд аз издивоҷ номи хонаводагии Тихоноваро гирифтааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки вай ширкати “Инопрактика”-ро дар назди бахши илмии ДДМ раҳбарӣ мекунад. Аммо то ҳол ин хабар расман тасдиқ нашудааст.