Раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама имрӯз, 18 декабр дар нишасти матбуотӣ аз анҷоми сол натиҷагирӣ мекунад.
Дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба ҳангоми ташриф ба Маркази миллии зиддитеррористӣ дар наздикии Вашингтон Обама гуфт, ки иттилое дар бораи омодакунии амалҳои террористӣ дар қаламрави ИМА дар даст нест.
Сухангӯи раиси ҷумҳури Амрико Ҷош Эрнест хабар дод, ки рӯзи ҷумъа баъд аз анҷоми нишасти матбуотӣ президент озими шаҳри Сан-Бернардинои иёлоти Калифорния мешавад. Дар ин шаҳр Барак Обама бо хешовандони қурбониёни ҳамлаи мусаллаҳонаи 2 декабр, ки дар натиҷаи он 14 нафар ҷон бохтанд, мулоқот мекунад. Дар ин амали террористӣ Саид Форуқ ва завҷааш Ташфин Малик айбдор дониста шуданд. Ҳар дуи онҳо дар тирпарронӣ бо пулис кушта шуданд.
Рӯзи панҷшанбе хабар дода шуд, ки Энрике Маркес, дӯсти Форуқ боздошт шудааст. Вай дар омодасозии ҳамлаҳои дигар айбдор дониста мешавад, ки аз онҳо пешгирӣ ба амал омадааст.