Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо шаби гузашта дар Бруссел қавл доданд, ки ба зудӣ марзҳои Иттиҳодияи Аврупоро таъйин мекунанд ва нируҳои соҳилӣ ташкил медиҳанд.
18 декабр раҳбарони Аврупо тасмим гирифтанд, ки то нимаи соли оянда роҷеъ ба нируҳои нави марзӣ ба тавофуқ хоҳанд расид. Онҳо бори дигар хостанд, ки тадобири марбутаро дар бораи пешгирӣ аз муҳоҷират тавассути Баҳри Миёназамин ба иҷро расонанд.
Баъзе раҳбарон, аз ҷумла Алексис Тсипрас-нахуствазири Юнон хостанд, ки баъзе унсурҳои зиддунақизро аз пешниҳодҳо хориҷ кунанд. Ин пешниҳодҳо ба Бруссел иҷоза медиҳад, ки бидуни ризояти китшвари узв ба марзҳои он ниру фиристад.
Юнон ва Италия зери фишор қарор доранд, то барои таъйини ҳуввияти муҳоҷирони ворида корҳои бештаре анҷом диҳанд. Ҳукуматҳо бояд тасмим бигиранд, ки ба киҳо паноҳандагӣ диҳанд ё киҳоро чун муҳоҷирони иқтисодӣ хориҷ намоянд.