Додситонии кулли Русия тасмим гирифтааст, Шаҳобиддин Уруновро, ки дар Ӯзбакистон дар сармоягузории терроризм муттаҳам шудааст, ба ин кишвар истирдод кунад.
Дафтари матбуоти Додситонии кулли Русия рӯзи 18 декабр гуфтааст, Шаҳобуддин Урунов дар шаҳри Маскав низ ба ҷалби пуштибонҳои терроризм, ки дар Афғонистону Покистон фаъолият мекунанд, машғул будааст.
Тибқи иттилои ин манбаъ, ин фард дар соли 2009 дар Ӯзбакистон ба ҷараёни динию ифротии “Таблиғчилар” (“Мубаллиғин”) шомил шуда ва дар соли 2012 ба суфуфи созмони террористии Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон пайвастаст.