Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар нишасти хабарии солонаи худ талош кард, то мардуми Русияро мутмаин созад, ки дар марҳилаи поён рафтани нархи нафт ҳукумат ҷидду ҷаҳд дорад, то иқтисодро аз ақибравӣ наҷот диҳад.
Вай 17 декабр дар Кохи Кремл дар ҳузури 1400 нафар хабарнигорони дохиливу хориҷӣ бар зидди раҳбарони Туркия дар робита бо сарнагун сохтани ҳавопаймои низомиии Русия лаҳни хашинро истифода бурд.
Вале ҳангоме, ки дар бораи муносибатҳои Русия бо Украина ва Гурҷистон сӯҳбат мекард, лаҳни оштиҷӯёнаро ба кор мебурд. Суолу ҷавоб бо Путин бештар аз се соат давом кард.
Путин гуфт, ки Русия омода аст бо Амрико робитаҳоро густариш диҳад. Вай музокироти ҳафтаи ҷорӣ бо Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрикоро ба ёд овард ва гуфт, Вашингтон омода аст, ки бо кӯшишҳои ҳар ду ҷониб масъалаҳо ҳал шаванд.