Гуфтугӯҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон дар Балх

Савумин конфронси байналмилалии гуфтугӯҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон рӯзи 17 декабр дар шаҳри Мазори Шариф -- маркази вилояти Балх оғоз ёфт. Дар ин конфронс намояндагони 15 кишвари Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна ширкат доранд ва меҳвари аслии он, баҳси масоили иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад. Волии вилояти Балх Атомуҳаммад Нур дар ин нишаст дархост намудааст, ки миёни Афғонистон ва Тоҷикистону Узбакистон бар фарози рӯди Ому пулҳои бештар бунёд шавад. Дар ин нишаст ҳамчунин гурӯҳи "Давлат исломӣ" таҳдид барои минтақа хонда шудааст, ки қасди нооромии Осиёи Миёнаро дорад. Нишасти байналмилалии гуфтугӯ миёни Афғонистон ва Осиёи Миёна рӯзи 18-уми декабр низ идома мекунад.