Дар Туркманистон қонуне қабул шуд, ки ҳаёти аспҳои ахалтекинро ба танзим медарорад. Коршиносон мегӯянд, ин талоши навбатии парастиши президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст.
Бино бар қонуни нав, иваз кардани номи аспҳои ахалтека мамнуъ шуда, номи аспҳо ҳамон тавре боқӣ хоҳад монд, ки ҳангоми таваллудашон дар дафтари сабти номи мақомоти давлатӣ омадааст.
Тибқи қонун барои ҳар кадом ахалтека бояд маросими дафни сазовор барпо шавад ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ барои сабти ҳолати марги асп дар маросим ҳозир бошанд. Дар ҳоли ҳозир қабристони вижае барои аспҳо вуҷуд надорад ва онҳоро дар маҳалли дуртар аз ҷои зисти одамон бидуни огоҳии мақомот дафн мекунанд.
Соли гузашта Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз ҳайкали худ савор бар болои аспи ахалтека дар маркази Ашқобод пардабардорӣ кард ва ҳамчунин унвони «Асппарвари мардумӣ»-ро барои худаш сазовор донист. Вай муаллифи китоби «Ахалтека – ғурур ва ифтихори мо» мебошад. Нависандагони давлатӣ дар ҳаққи аспи писандидаи Бердимуҳаммадов Ак Хан наздики 40 шеър эҷод кардаанд.