Ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии Рустами Раҳматзод, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар шаҳри Ботканд бо намояндагони ҷониби Қирғизистон ба баррасии қитъаҳои мавриди баҳс пардохтааст. Дар ин бора як манбаи наздик ба гурӯҳи кории Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон оид ба масъалаи мушаххас кардани марзи миёни Тоҷикистонва Қирғизистон рӯзи 17 декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Ин манбаъ гуфт, гурӯҳи кории ҳарду ҷониб иборат аз 8-нафарӣ аз ниҳодҳои заминсозию геодезӣ ва нақлиётии ин кишварҳотаи ду ҳафтаи ахир дар Исфара ва Ботканд қитъаҳои мавриди баҳсро мавриди омӯзиш қарор дода, акнун натиҷаҳои онро дар нишасти мазкур баррасӣ мекунанд. Қарор аст, хулосаҳои ин гурӯҳҳои корӣ ба нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод шавад.
Гуфта мешавад, масъалаи табодули 12-гектарӣ заминҳои баҳснок дар деҳаҳои Сомониёни Исфара ва Кӯктоши Бодканд аз ҷумлаи мавзӯъҳоест, ки дар ин нишаст баррасӣ хоҳад шуд. Ба қавли бархе аз коршиносон, ин танҳо роҳи ҳалли мусбат ва ё беҷангу ҷидоли муайян кардани хатт ва аломатгузории марз маҳсуб мешавад.
Қаблан, Абдураҳмон Маматалиев, собиқ муовини нахуствазири Қирғизистон ва раҳбари Комиссияи байнидавлатӣ барои мушаххас кардани хутути марз аз ҷониби Қирғизистон гуфта буд, Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев, раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистонтавофуқ кардаанд, ки ба ҳангоми муайян кардани хатти марз ва аломатгузории он аз харитаҳои кӯҳна истифода нахоҳанд кард. Ӯ гуфта буд, ба ин далел онҳо ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки дар қадами аввал 12-гектарӣ заминҳои баҳсиро дар миёни деҳаҳои Кӯктош ва Сомониён табодул кунанд.
Рустами Раҳматзод, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва раҳбари гурӯҳи кории Тоҷикистон дар музокирот дар сӯҳбати қаблӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки то замони дақиқ мушаххас шудани хатти сарҳад дар қитъаҳои баҳснок ҷониби Тоҷикистон бо ҷиддият мехоҳад масъалаҳои дигари марбут ба тақсими обу роҳҳои мошингузарро ҳам матраҳ кунад.
То ҳанӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1958 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1925, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон хеле ба кундӣ пеш мераванд.