Рӯзҳои 14 ва 15 декабр ҳайати қирғизистонии Интерпол санҷида шуд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД-и Қирғизистон хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, танҳо як корманди бахши қирғизистонӣ ба талабот ҷавобгӯст, ба чаҳор корманди дигар тавсия шудааст, ки баъд аз 6 моҳ дубора аз санҷиш бигзаранд. Як корманди дигар комилан аз санҷиш нагузаштааст ва эҳтимол барои вай ҷойи кори дигаре дар низоми ВКД пешниҳод хоҳад шуд.
Кормандони бахши қирғизистонии Интерпол ё Пулиси байналмилалӣ аз забони хориҷӣ, варзиш ва ғайра санҷида шудаанд.