Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, ки аз музокирот бо мақомоти Русия пешрафти воқеъӣ дар мавриди қатъи ҷанги шаҳрвандии Сурия ва иҷрои созиши сулҳ дар шарқи Украинаро интизор аст. Ӯ дар мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Маскав рӯзи 15 декабр гуфт, агар ду кишвари абарқудрат тавони пайдо кардани мавқеъи воҳидро дошта бошанд, аз ин оламиён фақат манфиат мебинанд.
Ҷон Керрӣ афзуд, Вошингтон ва Маскав дар он бора ақидаи воҳид доранд, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) ба амнияти ҳарду кишвар таҳдид мекунад. Онҳо бадтарин террористҳоянд, ки ба фарҳангу таърих ва арзишҳои умумибашарӣ ҳамла мекунанд, афзуд вазири умури хориҷии Амрико.
Сергей Лавров ҳам изҳори умедворӣ кард, ки сафари Керрӣ ба Русия самарбахш хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, Русия аз Вошингтон истифодаи нуфузаш ба Киев барои ҳалли низоъ дар шарқи Украинаро интизор дорад.
Қарор аст, ки Ҷон Керрӣ бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳам гуфтугӯ кунад. Ба иттилои Кохи Сафед, Керрӣ мехоҳад дар мулоқот бо Путин ба ҷуз раванди иҷрои созиши сулҳ дар Донбас гомҳои минбаъда барои ҳалли сиёсии вазъи Сурияро ҳам баррасӣ кунад. Амрико ва Русия дар мавриди ҳалли бӯҳрони Сурия назарҳои мухталиф доранд. Вошингтон ва ҳампаймонҳояш мутмаинанд, ки эътидол дар Сурия бидуни истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад номумкин аст. Аммо Маскав бо ин гуна мавзеъгирӣ розӣ нест.
Ҷон Керрӣ дар мулоқотҳояш дар Маскав рӯи мавзӯи таниш дар робитаҳои Русия ва Туркия ҳам тамаркӯз хоҳад кард.
Ин дуввуми сафари Ҷон Керрӣ ба Русия дар соли равон аст – моҳи май ӯ дар шаҳри Сочи бо Владимир Путин дидору гуфтугӯ дошт.