Духтур Шафохӯҷа хона хост, аммо хобгоҳашро ҳам аз даст дод
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як табиби унвондори тоҷик, ки чандин сол боз дар Маскав кору зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии Русияро дорад, дар заминаи беҳтар кардани шароити зиндагиаш мақомоти Маскавро ба худ душман кард. Мақомот ба Шафохӯҷа Бобошеров на танҳо хона намедиҳанд, балки ӯро аз хобгоҳ ҳам ронданд.