Раҳбари ҳизби Яблоко дар Маскав боздошт шуд

Сергей Митрохин

Сергей Митрохин -раҳбари ҳизби оппозитсионии Яблокои Русия ва 32 нафари дигар дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии Маскав боздошт шуданд. Барои анҷоми ин тазоҳурот мухолифон иҷозаи расмӣ надоштанд ва он ба Рӯзи Қонуни Асосии Русия ихтисос дошт.

Сергей Митрохин 12 декабр дар майдони ба номи Пушкин ҳангоми эътироз боздошт шуд. Фаъолони ҷомеаи маданӣ талош доштанд, ки “Раҳпаймоии тағирот” анҷом диҳанд, бо вуҷуди он ки мақомоти шаҳрдорӣ ба он иҷозаи расмӣ надода буданд.

Яке аз фаъолони ҳизби Яблоко Антон Антонов-Овсеенко низ дар миёни боздоштшудагон ҳаст. Дар ин бора дар сафҳаи Twitter-и ҳизб хабаре ба нашр расондаанд.

Соли 1993 дар райпурсие дар Русия Қонуни Асосии ин кишвар қабул шуд ва ҳар сол 12 декабр дар ин кишвар Рӯзи Қонуни Асосӣ баргузор мешавад.

Фаъолоне, ки ба Владимир Путин-раиси ҷумҳур мухолифат доранд, мегӯянд, ки ҳукумат мунтазам ҳуқуқи шаҳрвандонро, ки дар ин қонун ба онҳо замонат дода шудааст, вайрон мекунанд.

Ба ин ҳуқуқҳо аз ҷумла ҳамоишҳои озодона, интихоботи демократӣ ва озодии сухан дохил мешавад.