САҲА: 48%-и иқтисоди Қирғизистон "пинҳонӣ" аст

Дар соли 2014 сатҳи иқтисоди ниҳонии Қирғизистон ба 48% расид, ки бо ҳисоби маблағ 143,6 миллиард сомро ташкил медиҳад. Дар ин бора роҳбари дафтари САҲА дар Бишкек Сергей Капинос дар ҷаласаи Шӯрои зиддикоррупсионии ҳукумат иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, иқтисоди ниҳонии Қирғизистонро фасод, андозандиҳои зиёд, мудирияти бесамари андозситонӣ ва қонунгузории ношаффоф ба вуҷуд овардаанд.

Капинос илова кард, таҳқиқотҳо далолат мекунанд, ки сатҳи баланди иқтисоди соягӣ дар солҳои 1998-2001 мушоҳида шудааст. Он замон ҳаҷми истеҳсолоти ғайриқонунӣ 58%-и Маҷмуи маҳсулоти дохилии Қирғизистонро ташкил медод.

Сардори Маркази САҲА бар ин бовар аст, ки буҷаи Қирғизистон дар солҳои истиқлолият ба далели дар соя будани қисме аз иқтисодиёт, зиёда аз 6 миллиард долларро аз даст дод. Ба гуфтаи вай, нисфи ин маблағ барои пардохтани тамоми қарзи хориҷии кишвар кифоят мекард.