Тасаллияти Непал ба давлати Тоҷикистон

Давлати Непал зимни як нома ба давлати Тоҷикистон дар иртибот ба заминларзаи шадид, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти иқтисодиро ба дунбол дошт, ибрози тасаллият кардаст. Дар ин нома омадааст, дар лаҳазоти фоҷиабор давлати Непал бо мардум ва давлати Тоҷикистон ҳамдарду ҳамроҳ аст. Ин тасаллияти давлати Непал нахустин ҳамдардии як давлати хориҷӣ аз талафоти ҷонӣ бар асари заминларза дар Тоҷикистон аст.

Зӯҳри 7 декабри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон заминларза рух дода, неруи он дар маркази заминларза дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон 7,2 дараҷаи Рихтерро ташкил дод. Тибқи иттилои пешакӣ, бар асари ин заминларза 2 нафар кушта, даҳҳо тан захмӣ ва беш аз 500 манзил хароб шудааст. Бештари хисорот ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон ворид гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба комиссияи ҳукуматӣ ва раиси вилояти Бадахшон дастур додааст, то ҳарчӣ зудтар аҳолии бесарпаноҳро бо маҳалли муваққатии зист, либос ва маводи ғизоӣ таъмин карда ва дар рафъи авоқиби офти табиӣ тадобири зарурӣ андешанд.