Оҳангсоз Латифзода: Фалак нигинест, ки ангуштарӣ мехоҳад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Оҳангсози тоҷики муқими Амрико Алишер Латифзода устоди фанни композитсия ва назарияи мусиқии Академияи мусиқии шаҳри Сан-Франсиско таъйин шуд. Дар 53 соли умраш, Латифзода садҳо асар эҷод карда, даҳҳо дастур ва таҳқиқоти мусиқӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорон ба забони англисӣ иншо кардааст. Аз соли 2004 дар ИМА кору зиндагӣ мекунад.