Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 8 декабр дар ҳошияи конфронси "Қалби Осиё", ки дар шаҳри Исломободи Покистон идома дорад, бо вазири умури хориҷии Эрон мулоқот кардааст. Ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов дар ин мулоқот бо ҳамтои эронии худ масоили ҳамкорӣ дар риштаҳои гуногунро баррасӣ кардааст. Ҷонибҳо омодагӣ кардаанд, ки дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва маводи мухаддир ҳамкорӣ кунанд.
Дар конфронси дурӯзаи "Қалби Осиё", ки ба мавзӯи сулҳу субот ва рушди иқтисодии Афғонистон бахшида шудааст, намояндагони 14 кишвар, 17 кишвар ҳомӣ ва 12 созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат доранд. Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай низ дар ин нишаст ҳузур дорад.