Раиси пешини шаҳр ва вилояти Қарағандаи Қазоқистон Бауржан Абдишев, ки дар як парвандаи пурсарусадои фасодкории «Парвандаи нахуствазири собиқи Қазоқистон Серик Ахметов» дар се маврид гумонбар дониста мешавад, дирӯз дар суханронии ҷонибҳо аз судя хост, ки нисбати тафтишот таиноти хусусӣ барорад.
Вай бар ин назар аст, ки дар парванда бар зарари таҳқиқоти одилона сохтакориҳо сурат гирифтаанд. Абдишев, ки 15 моҳ боз зиндонист, изҳор дошт, ки ҳамаи айбҳо нисбаташ бар пояи ду аризае сохтакорӣ шуда, иттиҳоми ниҳоӣ бар асоси гумону овозаҳо ва тахминҳои додситонӣ омода шудааст.
Ҳамчунин дар ҷараёни баҳси додгоҳӣ вай сар задани зиёнро зимни кори давлатияш рад кард афзуд, ҳукумати вилояти Қарағанда ҳақ надорад барои рӯёнидани ҷуброн аризаи шаҳрвандӣ бидиҳад, зеро ин ниҳод мақоми ҳуқуқӣ нест.
Парванда асосан ба Серик Ахметов, ҳокими собиқи вилояти Қарағанда, нахуствазири собиқ ва вазири пешини мудофиа нигаронида шудааст. Вай ба хилофокрӣ ва порагирӣ айбдор шуда, аз моҳи ноябри соли 2014 дар ҳабси хонагист.