Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, ки дар натиҷаи тирандозӣ дар хати марзии миёни Озарбойҷон ва ҷумҳурии ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳистонӣ як афсари артиши онҳо кушта шудааст.
Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки лейтенант Абдулло Муллоев дар ин тирандозӣ сахт ҷароҳат бардоштааст ва баъдтар аз ин ҷароҳат дар бемористон даргузаштааст.
Вале аз изҳорот маълум нашудааст, ки ин тирандозӣ кай анҷом гирифтааст. Аммо изҳороти вазорати дифоъ баъд аз се рӯзи изҳороти раҳбарони ҷумҳурии ҷудоихоҳ ва эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ ба нашр расид. Ҷониби Қарбаоғ мегуфт, ки яке аз сарбозони онҳо дар ҷараёни харобкорӣ аз тарафи “гурӯҳи ҷосусон” кушта шудааст.