Арманистон низоми раёсати ҷумҳуриро тағир медиҳад

Кумиссиюни марказии интихоботии Арманистон мегӯяд, натиҷаҳои ибтидоӣ нишон медиҳад, ки райдиҳандагон тағирот дар Қонуни Асосии кишварро пазируфтаанд. Бар асоси ин тағирот Арманистон аз низоми раёсати ҷумҳурӣ ба низоми порламонӣ мегузарад.

Ба гуфтаи мақомоти расмии интихоботӣ, дар ҳоле ки 96 дарсади оро шумурда шудааст, 63,5 дарсад ба ҷонибдорӣ аз тағироте, ки Серж Саркисян-раиси ҷумҳур пешниҳод карда буд, рай додаанд. Райпурсӣ 6 декабр баргузор шуд. Дар он 50,51 дарсади аҳолии қобили рай ширкат ҷустаанд.

Мухолифон мегӯянд, ин тағирот ба хотири он ворид мешавад, ки Саркисян баъд аз хатми мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш дар соли 2018 боз ҳам дар сари қудрат бимонад.

Конграи миллии Арманистон натиҷаҳои ибтидоии райпурсиро, ки кумиссиюн эълон кардааст, қабул надорад. Мухолифон иддао мекунанд, ки дар давоми рӯз дар ҷараёни райдиҳӣ вайрон кардани қонун мушоҳида шудааст.

Левон Зурабиян-намояндаи мухолифон 7 декабр гуфт, ки ҷониби ҳукумат ба нафъи худ баргаҳои райро ба сандуқи рай рехтааст ва райҳоро харидааст. Вай ҳамчунин мегӯяд, ки ширкати беш аз нисфи аҳолии қобили рай дар райпурсӣ воқеият надорад.