Тоҷикистон - дар рақамҳо
Дар 142 ҳазор километри мураббаъ қаламрави Тоҷикистон беш 8,5 миллион нафар ба сар мебаранд.
Синни миёнаи умри занон дар Тоҷикистон 74 сол ва аз мардон 69 сол буда, дар ин кишвар 15 зан ва 2 марди синнашон аз 100 боло зиндагӣ мекунанд.
Нисфи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонону кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 1,7 миллион толибилм таҳсил мекунанд.
Беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳар сол ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд.
Солона муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 4 миллиард доллар пул мефиристанд. Ин пулҳо як манбаи асосии таъмини рӯзгори хонаводаҳо ба шумор меравад.
Алюминий як маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон аст. Имсол ширкати ТАЛКО тавлиди 197 000 тоннна алюминийро пешбинӣ кардааст.
Пахта маҳсулоти рақами яки бахши кишоварзии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Имсол 399 000 тонна дурнамои солона 85 дарсад иҷро шудааст.
Тоҷикистон солона 17 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ тавлид мекунад. Аммо аз моҳи октябр то апрел ба аксари манотиқи рустоӣ ҳамагӣ аз 5 то 8 соат барқ дода мешавад.
60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз 14 000 пиряхи кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Тағйири иқлим дар 30 соли охир аз ин шумор ҳудуди 1000 пиряхро аз байн бурдааст. Бо ин ҳол, бино ба омори расмӣ, 26 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. СММ шумори чунин мардумро дар Тоҷикистон 40 дарсад мегӯяд.
Милаи 165-метрии парчами Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо 165 метр баландтарин милаи парчам дар дунё шинохта шудааст
93 фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳистон ташкил медиҳад