Дар ин навори 7,5 дақиқаӣ ин қурбонӣ дар либоси норинҷӣ нишастааст ва эътироф мекунад, ки вайро ФСБ ё хадамоти кашфи Русия ба ин кор сафарбар кардаанд.
Ин марl аз худ Муҳаммад Ҳасиев ном мебарад ва мегӯяд, ки хадамоти кашфи Русия ба вай дастур додаанд, ки ба Сурия сафар кунад ва тундравҳоеро шиносоӣ кунад, ки мехоҳанд ба Қафқоз баргарданд ва ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд.
Вай мегӯяд, ки пештар дар Чеченистон зиндагӣ мекардааст. Минтақаи Қафқози Русия ду даҳсола саҳнаи даргириҳо бо тундравҳои исломӣ буд ва ду ҷангро аз сар гузаронд.
Ин навор ба забони арабӣ зернавиштҳо дорад ва Ҳасиев мегӯяд, ки аз моҳи августи соли 2014 дар Сурия қарор дорад. Вале маълум нест, ки вай кай боздошт шудааст.
Сипас баъзе лаҳзаҳое нишон дода мешавад, ки Муҳаммад Ҳасиев дар соҳили баҳр дар чанд ҷой бо тундравҳо нишастааст ва ба забони русӣ сӯҳбат мекунад. Вай ба Путин муроҷиат мекунад ва эътироф мекунад, ки нируҳои Русия шикаст хоҳанд хӯрд.
Сипас дар навор лаҳзае нишон дода мешавад, ки як тундрав дар даст ханҷар сари Ҳасиевро аз танаш ҷудо кардааст.