Баҳси равобит бо Амрико дар дидори Зоҳидӣ бо Тодд

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 2 декабр дар шаҳри Душанбе бо муовини якуми ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Уиллиам Тодд мулоқот кардааст. Бино ба гузориши сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистонр, дар ин дидор “ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, иқтисодиёт, нақлиёт, амнияти минтақавӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва инчунин ташаббуси ШМА-ро оид ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба татбиқи Эъломияи С5+1 мавриди муҳокима қарор доданд.” С5+1 чорчӯби навест, ки моҳи сентябр таъсис ёфта, вазирони хориҷаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрикоро барои баррасии масоили равобити байни онҳо муттаҳид мекунад. Нишасти ахири ин гурӯҳ рӯзи 1 ноябр дар шаҳри Самарқанди Узбакистон доир шуд.