Мӯсобеков: "Дар хонаи шишаӣ набояд ба ҳамсоягон санг андохт"

Расим Мӯсобеков

Расим Мӯсобеков, сиёсатмадор ва намояндаи парлумони Озарбойҷон, Кохи Кремлро ба худдорӣ аз қаҳру ғазаб ва лаҳни беэҳтиромӣ нисбат ба Туркия даъват кардааст.

Ҳоло ки Маскаву Анкара аз сангпартоӣ ба сӯи якдигар ва даъвоҳояшон нагузаштаанд, бархе аз сиёсатмадорони кишварҳои мухталиф онҳоро ба мусолиҳа даъват мекунанд. Расим Мӯсобеков, сиёсатмадори озарӣ дар Боку ва намояндаи парлумони Озарбойҷон, низ Кохи Кремлро ба худдорӣ аз қаҳру ғазаб ва лаҳни беэҳтиромӣ нисбат ба Туркия даъват кард.

Дар мусоҳибае аз Мӯсобеков пурсидем, билохира ин баҳс то куҷо хоҳад кашид ва оё Туркия аз Русия узр хоҳад хост?

Мӯсобеков: “Фикр мекунам, дар бораи узрхоҳии Анкара набояд сӯҳбат шавад. Дар ин бора ба таври мушаххас ва рӯшан раҳбарияти Туркия фикрашро гуфт. Масъалаи дигар он аст, ки ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам нахуствазири Туркия хостори ташдиди муносибатҳо нестанд. Ҷониби Туркия барои ин кор ҳамаи чораҳоро дидааст. Вале агар касе фикр кунад, ки бо таҳдиду тақозоҳои бештар Туркияро “мешиканад” ва Анкараро “аблаҳ” медонад, ин гуна одамон сахт иштибоҳ мекунанд, зеро хусусияти туркҳоро намедонанд ва дар бораи имкониятҳову нерӯи Туркия тасаввури рӯшан надоранд.”

Озодӣ: Оё тадбирҳое, ки Туркия барои амнияти худ гирифт, санҷидашуда ва дуруст буд?

Мӯсобеков: “То чӣ андоза задани ҳавопаймои Русия дурусту санҷидашуда буд, баҳо додан барои ман мушкил аст. Онҳое, ки имрӯз дар Русия хеле бо эҳсосот дар ин бора изҳорот медиҳанд, бояд як чизро дар назар бигиранд, ки ҷанг дар марзҳои Русия не, балки дар марзҳои Туркия идома дорад. Тасаввурот дар ин бора, ки қаламрави ҳаммарз бо Туркияро бомборон кардан мумкин аст, яъне қаламраверо, ки дар он аҳолии туркзабон зиндагӣ мекунанд ва ҳамзамон чанд бор дохил шудан ба ҳарими ҳавоии Туркияву гуфтан, ки ҳамааш мегузарад, иштибоҳи маҳз аст. Маскав бояд бо Туркия ба зиддият наравад. Ин кишвар ба андозаи кофӣ кишвари қавист ва дар муқоиса бо Русия ҳампаймонҳои қавӣ ҳам дорад. Пешниҳоди Туркия дар ин бора, ки бояд ҷонибҳо биншинанд ва ҳар кадом шарҳ диҳад, ки чаро ин кор шуд, пешниҳоди одилона аст, то ҳар ду тарафи муноқиша як қадамӣ ба ақиб гузоранд.”

Озодӣ: Ба назари Шумо, аз таҳримҳои иқтисодии Русия Туркия зарар хоҳад дид?

Мӯсобеков: “Албатта, зарар нахоҳад дид. Сайёҳони Русия дар Туркия дар муқоиса бо сайёҳони дигар ҳамагӣ 4-5 дарсадро ташкил медиҳанд.”

Озодӣ: Вокуниши Маскав ва Анкара ба пешниҳоди Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар бораи миёнравӣ чӣ тавр аст? Ба Маскаву Анкара миёнрав даркор аст?

Мӯсобеков: “Барои кам кардани ин зиддиятҳо ва пешгирӣ аз он на танҳо Озарбойҷон, балки ба бовари ман, Қазоқистон ва ҳатто Беларус низ омодаи миёнравӣ ҳастанд. Сухан дар бораи миёнравӣ нест. Ҳоло Путин ва Эрдуғонро ба Боку даъват мекунанд ва онҳо дар он ҷо роҳҳои созишро ҷустуҷӯ мекунанд.”

Озодӣ: Расонаҳои хабарии Русия дар они воҳид Туркияи дӯстро ба ҳомии терроризм табдил доданд. Иттиҳомот ба хонаводаи Эрдуғон ҳам дахл дорад ва мегӯянд, нафтеро, ки аз қаламрави тундравҳои «Давлати исломӣ» мегирад, даромади муфт барои Туркия аст. Оё ин иттиҳомот асос дорад?

Мӯсобеков: "Телевизионҳои Русия киҳоро бо касофат олуда накардаанд. Онҳо Лукашенко ва Лужковро ҳамин тавр олуда сохтанд. Таблиғоти Русия бо назардошти мардуми ин кишвар дуруст мешавад. Вале он хатарнок аст. Пеш аз ҳама барои худи раҳбарияти Русия."

Озодӣ: Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки барои ба зону даровардани Анкара Русия шӯришиёни курдро фаъолтар мекунад. Барои фишор ба Туркия ин корро кардан мумкин аст?

Мӯсобеков: "Англисҳо як зарбулмасал доранд – «агар дар хонаи шишаӣ зиндагӣ мекунӣ, набояд ба ҳамсоягонат санг андозӣ». Дар қаламрави Русия нуқтаҳои ҳассос зиёданд. Ҳар гуна нооромиро дар ин нуқтаҳо роҳандозӣ кардан мумкин аст. Барои ҳамин, Русия набояд дар қаламрави ҳамсояҳои худ беназмӣ ташкил кунад."