Дафтари СММ оид ба зистмуҳитӣ хабар дод, ки Морис Стронг-нахустин раиси муассисаи зистмуҳитии СММ даргузаштааст. Вай барои омода кардани мулоқоти раҳбарони ҷаҳон, ки рӯзи душанбе дар Порис гушоиш меёбад, саҳми басазо дошт. Морис Стронг 86 сол дошт.
Ҷастин Трюдо-нахуствазири Конодо Стронгро донишманди эътирофшуда дар арсаи байналмиллалӣ номид, ки корҳои арзишманде дар бахши зистмуҳитӣ ва ба хотири беҳбуди зиндагии инсон дар сайёра анҷом додааст. Вай на танҳо чун донишманд, балки дар сатҳи байналмиллалӣ чун созмондиҳандаи моҳир шинохта шуда буд.
Бо ташаббуси вай бори аввал дар таърих конфронси Стокҳолм дар бораи тағири иқлим дар соли 1972 баргузор шуд ва ба ин таартиб дар ҷаҳон марҳилаи нав оғоз ёфт.