Як мақоми расмии кумиссиюни интихоботии Афғонистон аз бамгузории интиҳорие дар Кобул ҷони солим бадар бурд. Кумиссиюни марказии интихоботӣ 28 ноябр гуфт, Ҳавлия Родвол- мудири дафтари интихоботии вилояти Кобул ҳадафи ин ҳамла қарор гирифтааст.
Сухангӯи кумиссиюн гуфтааст, ки як нафар аз посбонон кушта ва ронанда захмӣ шудааст. Баъзе аз хонаҳо дар маҳалли ҳодиса аз ин ҳамла осеб дидаанд.
То ҳол касе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст. Толибон бо интихобот мухолифанд ва дар гузаштаҳо низ мақомоти интихоботиро ҳадафи ҳамла қарор дода буданд.