Ҷарима барои таблиғи рамзҳои "Давлати исломӣ"

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Владимири Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русияро бо ҷурми нашри рамзи созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Интернет ҷарима бастааст. Додситонии Владимир гуфт, ин афрод дар ҷараёни назорати фаъолиятҳои ифротӣ аз сӯи корбарони Интернет дастгир шуда буданд. Маълум шудааст, ки ин се нафар дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоии аксҳоеро бо рамзҳои созмони тундрави “Давлати исломӣ” нашр кардаанд. “Давлати исломӣ” дар Русия ба рӯйхати созмонҳои мамнӯъ шомил карда шудааст. Аммо додситонии Владимир аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин се нафар худдорӣ кард, танҳо бо кашондани онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ иктифо кардааст. Додгоҳ ҳарсеро дар табблиғи рамзҳои созмони ифротии мамнӯъ муҷрим шинохт ва ҷарима баст. Ҳаҷми ҷаримаи онҳо эълон нашудааст.