Мақомоти ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дар вилояти Челябинск як шаҳрванди Тоҷикистонро бо дастури Интерпол дастгир кардаанд. Манбаи хабаргузории ТАСС дар мақомоти Челябинск гуфтааст, тибқи маълумоти Интерпол, ин нафар дар Тоҷикистон ба куштор, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва фаъолиятҳои террористӣ айбдор мешавад. Исми нафари боздоштшударо ҳанӯз эълон накардаанд.