Эрдуғон. Туркия аз ДИИШ нафт намехарад

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, иддаои Русияро, ки гуё Анкара аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) нафт харидорӣ мекунад, рад кард ва онро тӯҳмат номид. Дар мулоқот бо мансабдорони маҳаллӣ дар Анкара рӯзи 26 ноябр ӯ гуфт, иттиҳом аз сӯи кишваре садо медиҳад, ки бузургтарин содиркунандаи маводи сӯхт – газ ва нафт ба Туркия аст.

Эрдуғон изҳор намуд, ки кишвараш алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷангад ва солҳои ахир ҳазорон гумонбарони узвият дар ин гурӯҳро боздошт кардааст.

Аз ин пеш Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар як маросим дар Кремл рӯзи панҷшанбе гуфт, ки зуҳури гурӯҳи “Давлати исломӣ” – натиҷаи фориғболии баъзе кишварҳо ва ҳамкории мустақимашон бо терроризм аст.

Ихтилофи Маскаву анакар баъд аз он шурӯъ шуд, ки ҳавопаймои низомии русии СУ-24 аз сӯи ҳавопаймои туркӣ сарнагун шуд. Ин ҳавопаймои бомбандоз рӯзи 24 ноябр дар ҳоле ҳадафи мушаки ҳавопаймои туркӣ қарор гирифт, ки, ба иддаои Анкара, дар ҳарими ҳавоии Туркия буд. Аммо Русия мегӯяд, ки туркҳо ҳавопаймои русиро дар ҳарими ҳавои Сурия нобуд кардаанд