Созмони хайрияи туркии Humanitarian Relief Foundation рӯзи 26 ноябр дар бораи зарбаи ҳавоӣ ба корвони мошинҳо бо кӯмаки башарӣ дар шимоли Сурия дар наздикиҳои марзи Туркия хабар дод. Кӯмаки башарӣ барои паноҳандагони суриягии қароргоҳи воқеъ дар канори шаҳри Аазаз, ки таҳти назорати нерӯҳои мухолифин қарор дорад, пешбинӣ шуда буд. Дар хабари Твиттер дар ин бора аксҳое нашр шудаанд, ки чӣ гуна оташнишонҳо мошинҳои оташгирифтаро наҷот додан мехоҳанд.
Дар бораи он ки зарба аз тарафи кадом нерӯҳо зада шудааст, иттиллое зери даст нест. Хабаргузории давлатии Anadolu навиштааст, ки ба корвони мошинҳо ҳавопаймоҳои Русия зарба задаанд. Дар ин ҳамла, ба иттилои хабаргузорӣ, 7 нафар кушта ва дасти кам даҳ каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. 20 мошин бо кӯмаки башарӣ ба коми оташ рафт.
Аммо рӯзномаи Hurriyet ҳадс задааст, ки шояд ҳавопаймоҳои Сурия ба корвони мошинҳо ҳамла карда бошанд.
Расонапҳои ғарбӣ борҳо Русияро дар он айбдор кардаанд, ки на ба мавқеъҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ», балки ба нерӯҳои мухолифи режими Башор Асад зарба мезанад. Маскав ин иттиҳомро рад мекунад.