Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия Туркияро муттаҳам кард, ки аз тундравҳои Давлати Исломӣ ҳимоят мекунад. Вай гуфт, “баъзе мақомоти Туркия” аз фурӯши нафти истихроҷшуда дар қаламрави зери назорати тундравҳои Давлати Исломӣ “суди мустақими молӣ” мебардоранд.
Медведев ин суханонро баъд аз як рӯзи задани ҳавопаймои ҷангии кишвараш тавассути нируҳои ҳавоии Туркия дар марзи миёни Сурияву Туркия 25 ноябр дар шаҳри Екатеринбурги Русия изҳор дошт.
Дар ин ҳодиса як халабони Русия кушта шудааст. Медведев гуфт, “муносибатҳои миёни ду кишвар осеб дидааст” ва ҳушдор дод, ки баъзе тарҳҳои муштарак метавонанд лағв шаванд ва ширкатҳои туркӣ дар бозори Русия мавқеи худро аз даст медиҳанд.
Анкара мегӯяд, ки Су 24-иРусия чанд бор ҳарими ҳавоии Туркияро нақз кард ва ба 10 ҳушдор ҷавоб надод, сипас зада шуд.