Полиси Белгия дар ҷараёни амалиёти боздошти гумонбарон дар ташкили ҳамлаҳои террористӣ дар Порис боз панҷ нафарро дастгир кард. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, кормандони полис дар Брюссел ва атрофи шаҳри Лиеж панҷ рейди дигарро доир намуданд.
Дар пойтахт ва атрофи он тайи ду рӯзи ахир дар маҷмӯъ 27 рейд баргузор шуд ва дар онҳо 21 гумонбари терроризм боздошт шуд.
Аммо, тавре намояндаи додситонии федеролии Белгия Эрик ван дер Сипт рӯзи 23 ноябр хабар дод, яке аз гумонбарони асосӣ дар ташкили ҳамлаҳо дар Порис Салоҳ Абдусалом то ҳол дастгир нашудааст.
Дар пойтахти Белгия сатҳи баландтарини хатари террористӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора нахуствазир Шарл Мишел дар сӯҳбат бо хабарнигорон хабар дод. Айни ҳол дар Брюссел мактабу донишгоҳҳо баста шуда, метро кор намекунад. Ҳама чорабиниҳои бузург дар ин шаҳр лағв карда шудаанд.
Сатҳи баландтарини хатари террористӣ рӯзи ҷумъа эълон шуда буд. Мақомоти Белгия хавф доранд, ки дар Брюссел ҳамлаҳое монанд ба ҳамлаҳои Порис рӯй медиҳанд.