Ироқ парвозҳоро ба Курдистон боздошт

Ироқ парвози ҳавопаймоҳо ба вилояти мухтори Курдистонро барои ду рӯз мутаваққиф кард. Раёсати авиатсияи граждании Ироқ рӯзи 23 ноябр хабар дод, ки қатъи парвозҳо ба шаҳрҳои Ирбил ва Сулаймония бо таъмини амнияти мусофирон бино ба амалиёти низомии Русия дар Сурия бастагӣ дорад – мушакҳое, ки аз киштиҳои низомии русӣ дар баҳри Хазар ба мавқеъҳои гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия зада мешаванд, аз шимоли Ироқ убур мекунанд.

Мақомоти ироқӣ гуфтанд, ки дигар фурудгоҳҳо ба таври маъмулӣ кор хоҳанд кард.

Амалиёти Русия ба хотири пуштибонӣ аз нерӯҳои содиқ ба Башор Асад 30 сентябр шурӯъ шуд. Моҳи гузашта Русия аз чаҳор киштии низомияш дар баҳри Хазар ба қаламрави Сурия 26 мушаки болдори “Калибр”-ро партоб кард. Вазорати дифои Русия гуфт, ки ин мушакҳо бидуни осеб ба аҳолии осоишта ба ҳадаф расидаанд, аммо як намояндаи ҳукумати Амрико дар сӯҳбат бо шабакаи телевизонии Си-Эн-Эн дар бораи дар қаламрави Эрон мунфаҷир шудани чанде аз ин мушакҳо хабар дода буд.