Афроди мусаллаҳ ба як меҳмонсаро дар шаҳри Бамако, пойтахти Малӣ, ҳамла карданд. Рӯзи 20 ноябр дар дохили меҳмонсарони Radisson Blu садои тири автомат ба гӯш мерасид.
Соҳиби шабакаи меҳмонсароҳо - Rezidor Hotel Group ба телевизиони NBC гуфт, ки ду нафари мусаллаҳ ҳадди аққал 170 нафар – 140 меҳмон ва 30 корманди меҳмонхонаро гаравгон гирифтаанд. Ба иттилои радиои фаронсавоии RFI, ҳамлагарон бо мошинҳои дипломатӣ ба меҳмонсаро омада, қабл аз ворид шудан дар хиёбони канори он тирандозӣ карданд.
Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки дар тирандозӣ муҳофизони меҳмонсаро кушта шудаанд. Телевизионии BBC ҳам гуфтааст, ки дар ин ҳамла ҳам кормандони меҳмонсаро ва ҳам мизоҷон кушта шудаанд.
Гуфта мешавад, ки Radisson Blu дар Бамако миёни мансабдорон ва мутахассисони хориҷии муқими Малӣ хело маъруф аст. Кормандони полис атрофи меҳмонхонаро печонида гирифтаанд.
Дар ҳамин гуна гаравгонгирӣ аз сӯи як гурӯҳи исломӣ, ки моҳи август дар меҳмонсарои "Библос"-и шаҳри Севаре рӯй дода буд, 13 нафар – чаҳор низомӣ, панҷ корманди дафтари Созмони Милали Муттаҳид ва чаҳор тан аз ҳамлагарон ба ҳалокат расида буданд.