Ҳалокати 4 исроилӣ дар ҳамлаҳои фаластиниҳо

Дар пайи ду ҳамлаи фаластиниҳо ба шаҳрвандони Исроил дар Тел-Авив ва дар соҳили Ғарбии руди Ӯрдун дастикам чаҳор нафар кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилои хабаргузориҳо, ҳамлаҳро рӯзи 19 ноябр сурат гирифтанд.
Ҳамлаи нахустинро як фаластинӣ аз Ҳеброн, ки бо корд мусаллаҳ буд, анҷом додааст. Ӯ ба мардум дар маркази тиҷоратие дар Тель-Авив ҳамла кард. Ба иттилои пулис, фаластинӣ дар назди мағоза ва дар табақаи дуввум ду исроилиро ба сурати маргвор захмӣ карда, сипас тавассути зинапояҳо ба поён меравад ва дар роҳ боз ба як нафар чанд зарба мезанад. Ҳамлагар боздошт шуд.
Намояндаи пулис Микки Розенфелд зикр кард, ки ҳамлагар талош дошт вориди канисае шавад, ки он дар бинои мавсум ба «Панорама» воқеъ аст. Дар ин бино, аз ҷумла, дафтари ширкатҳо ва мағозаҳо ҷойгир шудаанд.
Тибқи иттилое, ки рӯзи панҷшанбе аз шабакаи давлатии телевизионии русии RT расид, шахси ношинос ба кормандони дафтари RT дар Тел-Авив, ки низ дар ҳамин бино воқеъ аст, ҳамла кардааст.
Рӯзи панҷшанбе дар Соҳили Ғарбӣ, дар минтақаи яҳудинишин, мошине сӯи гурӯҳи раҳгузарон ҳаракат кард. Ҳамзамон аз дохили мошин сӯи одамон тир меандохтанд. Дад ин ҳодиса ду нафар кушта ва чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд, худи ҳамлагар аз сӯйи маъмурони амниятӣ кушта шуд.