Дар шаҳри Домодедовои вилояти Маскави Русия 4 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари як садамаи автомобилӣ ҷон бохтаанд.
Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилояти Маскав навиштааст, ки соати 23-и шаби гузашта мошини тамғаи Опели ин афрод ба мошини боркаши Scania бархӯрдааст ва 4 нафар дар маҳали ҳодиса ҳалок шудаанд.
Ҳамакнун кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ва муфаттишон сабабҳои вуқӯъи ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.