Гурӯҳи "Давлати исломӣ" (ДИИШ) масъулияти ҳамлаҳои террористӣ дар Порисро бар дӯш гирифт. Дар як изҳороти расмӣ, ки рӯзи 14 ноябр дар интернет нашр шудааст, ин гурӯҳ навиштааст ҳамларо ҳашт узви ин гурӯҳ анҷом доданд ва "ҳафт бародари мо дар камарбандҳо маводи тарканда ва дар даст автомат доштанд". Ситезаҷӯён гуфтаанд, ки ин ҳамла посухи онҳо ба таҳқири Паёмбари ислом ва ҳамлаҳои ҳавоӣ ба қаламрави таҳти назорати "Давдати исломӣ" аст.
Франсуа Ҳолланд , раисиҷумҳури Фаронса, гуфт, ки дар ҳамлаи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба Порис 127 нафар ҷон бохтаанд. Ӯ дар як суханронӣ аз тариқи телевизион рӯзи 14 ноябр изҳор намуд, ки ҳамлаҳо аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ ва сармоягузорӣ шудаанд. Фақат дар як толори консертии Порис 87 нафар кушта шуданд. Замони ҳамлаву гаравгонгирӣ дар консерти симфонии як гурӯҳи ҳунарии амрикоӣ 1500 нафар ҳузур доштанд.
Ҳамлаҳои террористии шоми ҷумъа, 13 ноябр ба шаҳри Порис – мудҳиштарин дар таърихи Фаронса аст.
Полиси Фаронса рӯзи 14 ноябр дар Твиттер дар бораи манъи баргузории ҳама гуна намоишҳо дар баъзе маҳаллаҳои минтақаи Ил-де-Франси Порис хабар дод. Дар мавзеъҳои канори пойтахт – Сен-Сен-Дени, О-де-Сен ва Вал-де-Мари низ ҳама гуна таҷаммӯъи мардум манъ карда шудааст.