Мурод Ҷӯраев, яке аз фаъолони мухолифини Узбакистон, баъд аз 21 соли ҳабс зиндонро тарк намуд. Маркази ҳуқуқи башари Ешгулик (Ҳамдарди)-и Тошканд ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки Ҷӯраев рӯзи 12 ноябр аз маҳбаси шаҳри Чирчиқи воқеъ дар канори пойтахт озод шуд.
Мурод Ҷӯраеви 63 сола аз қавми туркман аст ва солҳои 1991 ва 1992 узви парлумон буд. Мақомоти Узбакистон моҳи сентябри соли 1994 ӯро дар талоши аз роҳи зӯрӣ сарнагун кардани ҳукумат айбдор карданд. Ҷонибдорони Мурод Ҷӯраев гуфтанд, ки иттиҳом ангезаи сиёсӣ дорад, бо вуҷуди ин ӯ соли 1995 ба 12 соли маҳбас маҳкум шуд. Мӯҳлати ҳабси Мурод Ҷӯраев баъдан ҳадди аққал чаҳор бор бо иттиҳоми нақзи қоийдаоҳи зиндон тамдид карда шуд.
Раҳоии Мурод Ҷӯраев аз зиндон тақрибан ду ҳафта баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ ба Узбакистон сафар кард ва бо раисиҷумҳур Ислом Каримов равобити дуҷонибаро баррасӣ намуд.