Маскав қатли Шоира аз сӯи афсарро тафтиш мекунад

Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки фармондеҳии пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон якҷо бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ҳодисаи қатли зани тоҷикро таҳқиқ хоҳад кард.

Ба ин манзур аз Русия ба пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон Комиссияи вижаи Округи марказии низомии Русия эъзом шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон,рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ Иван Шербаков, лейтенанати калони пойгоҳи 210-и Русия дар дохили хобгоҳи пойгоҳ зани тоҷикро куштааст. Гуфта мешавад, ин афсар ба ҳангоми мастӣ ба ҳамчунин ҷинояти вазнин даст задааст.

Ин афсар рӯзи 9 ноябр боздошт шуда ва ҷониби Русия раванди тақҳиқи ин қазияро сиррӣ ё махфӣ кардааст.

Зимнан, дар моҳи январи соли ҷорӣ Валерий Пермяков, сарбози пойгоҳи 102-и Русия дар Арманистон низ дар шаҳри Гюмрии ин кишвар 7 узви як хонаводаро ба қатл расонд. Ин сарбоз нахуст барои фирор аз пойгоҳи низомӣ ба муддати 10 сол зиндонӣ шуда, парвандаи қатли хонаводаи арманиро додгоҳи Арманистон баррасӣ хоҳад кард.